• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар ноҳияи Варзоб

Migration Service by Migration Service
28.03.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии судманд бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар ноҳияи Варзоб
316
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, санаи 9-уми март дар Кохи Ваҳдат мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баргузор гардид.

Вобаста ба ин, санаи 27-уми марти соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб таҳти Раёсати раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Муҳамадулло Умар ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳия Хоҷазода Фарзона Ҳамдам вохӯрӣ бо фаъолони ноҳия доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини якуми раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарон ва кормандони Раёсат, шуъба ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, соҳаи маориф, вакилон, раисони кумитаҳои маҳал, имомхатибон ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд, ки теъдоди иштирокчиён зиёда аз 330 нафарро ташкил намуд.

Сараввал, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Варзоб Хоҷазода Фарзона Ҳамдам суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки мо, бояд ҷавобан ба ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор бошем.

Баъдан, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Муҳамадулло Умар баромад намуда, ёдовар шуданд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар тамоми самтҳо суханронӣ намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Инчунин, Шерализода Муҳамадулло Умар қайд намуданд, ки дар Паёми Сарвари давлат ироа гардид, ки «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем».

Дар охир раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ иброз намуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар ҳифзи озодиву Истиқлолияти кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ нерӯи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозад.

Илова бар ин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ қайд намуданд, ки вазъияти ҷаҳони имрӯза давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро водор месозад, ки фаъолияти самарноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созанд ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё намоем.

Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки аз ҷониби масъулин атрофи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, сабабҳои асосии гароиши насли наврас ва ҷавонон, чораҳои пешгирикунӣ бо баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии насли наврас ва оила, баргузории чорабиниҳои гуногуни маданиву равшаннамоӣ, пур кардани мафкураи оилаҳои ҷавон ва кӯдакону ҷавонон бо ақидаҳои ватандӯстонаву илму фарҳанг, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ ва зери назорати махсус қарор додани тарбияи фарзандон ва фарогирии наврасону кӯдакон дар таътили тобистона бо китобхонӣ ибрози андеша намуданд.

Орифҷон Олимзода,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Чорабинии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов

Next Post

Идомаи вохӯриҳо оид ба нуктаҳои Паём

Next Post
Идомаи вохӯриҳо оид ба нуктаҳои Паём

Идомаи вохӯриҳо оид ба нуктаҳои Паём

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.