Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳринав якҷоя бо шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ барои таъмин намудани ҷавонон бо ҷойи кор, аз ҷумла ҷалб намудани онҳо барои фаъолияти меҳнатӣ дар НБО “Роғун” вохӯрии судманд бо хатмкунандагони Литсеи касбии ноҳияи Шаҳринав баргузор намуданд.
Баромадкунандагон ба ҳозирин маълумоти муфассал дар бораи ширкатҳои сохтмонии НБО “Роғун” аз руи ихтисосҳо, шарту шароит ва маош пешниҳод гардидааст, пешкаш карда шуд.
Ҳамзамон ба иштироккунандагон беш аз 100 буклетҳо, ки марбут ба ширкатҳои сохтмонии НБО “Роғун” тааллуқ дошт, дастрас гардид.
Инчунин, дар вохӯрии мазкур оид ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ корҳои иттилоотӣ-маърифтаӣ гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» бо кадрҳои коргарӣ таъсис дода шудааст.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳринав