Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мурғоб оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрии судманд бо кормандони идораву муассисаҳо, сокинон ва соҳибкорони ноҳия баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ баён гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими сиёсию барномавӣ самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро барои солҳои минбаъда муайян намуда, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ заминаи устувор мегузорад.
Иброз гардид, ки татбиқи босамари дастуру супоришҳои дар ин санади муҳим гуфташуда аз ҳар корманд, фаъолони ҷомеа ва сокинон масъулияти баланд ва саҳми назаррас талаб менамояд. Татбиқи босамари нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ҳамкории зичи сохторҳои давлатӣ ва иштироки фаъоли аҳолиро тақозо менамояд.
Дар ҷамъомад сокинони ноҳия омодагиашонро барои саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат изҳор доштанд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ намоядагони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба таваҷҷуҳи сокинон расонида шуд, ки 10 феврали соли 2026 Думаи давлатии Федератсияи Россия лоиҳаи қонунеро, ки ба тартиби гузаштани муоинаи ҳатмии тиббии шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, марбут мебошад, дар хониши аввал қабул намуд.
Нуктаҳои асосии лоиҳаи қонун: муҳлати ягонаи гузаштани муоинаи ҳатмии тиббӣ — дар давоми 30 рӯз (айни ҳол 90 рӯз) аз рӯзи ворид шудан ба Федератсияи Россия муқаррар карда мешавад, гузаштани муоинаи тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои худи шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ мегардад, назорат аз болои вазъи санитарӣ-эпидемиологии муҳоҷирон бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои хавфнок тақвият дода мешавад, натиҷаҳои хулосаҳои тиббӣ ба низомҳои ягонаи электронии иттилоотии соҳаи тандурустии Федератсияи Россия ворид карда мешаванд, дар ҳолати ошкор гардидани бемориҳои хавфнок ё истифодаи воситаҳои нашъадор, муассисаҳои ваколатдори тиббӣ вазифадоранд дар ин хусус ба Вазорати корҳои дохилии Россия ва Хадамоти федералии назорат дар соҳаи ҳифзи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон (Роспотребнадзор) иттилоъ диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки риояи қонунгузорӣ ва талаботи муқарраршудаи Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муоинаи тиббӣ барои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ҳудуди ин кишвар қарор доранд ва фаъолият менамоянд, ҳатмӣ мебошад.
Қайд менамоем, ки қонуни мазкур пас аз қабули ниҳоӣ аз ҷониби Думаи давлатии Федератсияи Россия, тасдиқ шудан аз ҷониби Шурои Федератсия ва имзо гардидани он аз ҷониби Президенти Федератсияи Россия, тибқи тартиби муқарраршуда расман нашр гардида, пас аз интишори расмӣ ба қувваи қонунӣ медарояд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия медиҳад: муоинаи тиббиро дар муҳлатҳои муқарраршуда сари вақт гузаранд, ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва хулосаҳои тиббиро нигоҳ доранд, дар ҳолати зарурат барои гирифтани машварат ва кумак ба Намояндагӣ ё ба мақомоти ваколатдори Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

