Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт вохӯрии судманд бо кормандони коргоҳи дӯзандагии «30 солагии Истиқлол», ки ҳамзамон оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд баргузор гардид.
Рузномаи мулоқот аз муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пос доштани фарҳанги миллӣ, муқовимат бо савдои одамон иборат буда, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт қайд намуд, ки фарҳанги миллӣ ташаккулдиҳандаи тарбияи ахлоқию эстетикии ҳар қавму миллат ба шумор рафта, дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию маърифатпарварӣ, пешрафти кори таълиму тарбия дар байни ҷавонон нақши ҳалкунанда мебозад.
Таълиму тарбия дар он сурат пойдор хоҳад монд, ки хусусиятҳои миллӣ дошта, нигаҳдори арзишҳои таърихии мо, равнақу ривоҷи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ бошад.
Фарҳанги мо танҳо ҳосили имрӯза набуда, натиҷаи заҳмати аҷдодони мост.
Мо – тоҷикон, аз ҷумлаи халқиятҳои баландтолеъ ва сарфарозе мебошем, ки фарҳанги бою ғаниамонро ба хизмати ҷомеаи имрӯза равона кардем. Омӯзиши фарҳанги миллӣ, тарғибу ташвиқи он яке аз масъулиятҳои асосии ҷавонон мебошад.
Ҷавонон метавонанд бо ҳисси баланди худшиносию ватандӯстӣ дар ин ҷода саҳми намоён гузоранд.
Дар вазъияте, ки ҷаҳонишавию бархурди тамаддунҳо ба авҷи аъло расидааст, лозим меояд, ки нақш ва мақоми мо – ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқатманд ва дорои нангу номуси ватандорӣ муҳим бошад.
Инчунин, қайд карда шуд, ки «мо бояд баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар, ки яке аз сарчашмаҳои асосии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоти террористию экстремистӣ мебошад, инчунин азхудкунии донишҳои зарурии дунявӣ саҳм гузорем».
Инчунин, ба маданияти истифодаи интернет таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар мавриди пайваст шудан ба интернет бояд аз мутолиа, тамошо ва паҳн намудани мақола ва наворҳои аъзои фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъгардида худдорӣ намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд