Бо ташаббуси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон вохӯрии судманд дар мавзӯи «Муҳоҷирати бехатар ва навовариҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия” бо кормандони неругоҳи барқии Сангтуда-2 баргузор гардид.
Баромадкунандагон оид ба навовариҳо дар самти қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки ҳамарӯза аз тарафи кормандони Раёсат бо ҳар як муроҷиаткунанда, ки азми сафари Россия дорад маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, ба онҳо бо тариқи ройгон 13–намуди буклетҳои гуногун оид ба қонунгузории Федератсияи Россия ва чӣ гуна рафтор намудан дар ин кишвар супорида, маслиҳатҳои муфид дода мешавад.
Ба ғайр аз ин, ба иштирокчиёни ҷамъомад як ба як паҳлуҳои қонунӣ будани будубоши шаҳрвандони ҷумҳуриро дар кишвари Россия фаҳмонида доданд.
Аз ҷумла, гуфта шуд, мушкилие, ки шаҳрвандони мо дар кишвари Россия дучор мегарданд, ин надонистани забони русӣ, риоя накардани қонунҳои ин кишвар, надоштани иҷозаи кор, патент, қайди муваққатӣ ва ғайра мебошад.
Онҳо таъкид намуданд, ки пеш аз сафар ба хориҷи кишвар ҳар шаҳрванди мамлакат бояд ҳатман забони давлати қабулкунандаро донад ва аз қонунҳои он бархурдор бошад.
Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин аз суханронии Пешвои миллат иқтибос оварда, гуфта шуд, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир равандҳое, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва монанди инҳо мавҷуданд, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардида, ба ҷомеа ва давлати мо низ таъсир мерасонанд.
Бинобар ин фаъолон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кор намуда, дар пешрафту ободии Ватан саҳм гузоранд ва бар зидди терроризму экстремизм ва хурофотпарастӣ мубориза баранд.
Дар фарҷом ба иштирокчиён буклетҳо, аз қабили “Пеш аз сафар бидон”, “Роҳнамо оид ба касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Маслиҳатҳои муфид барои муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Навоварӣ дар қонунгузории муҳуоҷиратии ФР”, “Как получить разрешение на работу”, “Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)”, “Чӣ тавр мақоми ҳуқуқии худро оид ба мавҷудияти асос барои манъи вуруд ба Федератсияи Россия санҷидан мумкин аст?”, “Ҳуқуқҳои муҳоҷирон Барои гирифтани кӯмак дар Федератсияи Россия ба куҷо муроҷиат карда метавонед?” тақдим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон