• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан баргашта ва корҷӯён дар шаҳри Кӯлоб

Migration Service by Migration Service
04.12.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан баргашта ва корҷӯён дар шаҳри Кӯлоб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар назди бинои САҲШ-и шаҳри Кӯлоб бо сокинони шаҳр, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ва корҷӯён, вохӯрии судманд баргузор гардид.

Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинӣ ин огоҳ намудани шаҳрвандон дар бораи ҷанбаҳои муҳими қонунгузории муҳоҷират, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, саривақт тарк намудани кишвари будубош баъд аз анҷоми муҳлати раводид ва хатарҳои эҳтимолии вобаста ба муҳоҷират мебошад.

Ҳамзамон, дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.

Инчунин, намояндаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар ташкилоту корхонаҳои шаҳр, сохтмонҳои азими кишвар, аз ҷумла НБО «Роғун» ва кор дар хориҷи кишвар ба ҳозирин маълумоти муфассал дода даъват намуд, ки муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта мувофиқи ихтисос ва малакаи кориашон метавонанд дар дохили кишвар бо шароити мусоид ва маоши арзанда кору фаъолият намоянд.

Вобаста ба аз худ намудани касбҳои коргарӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддат, намояндаи шуъбаи Филиали МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб, ба иштирокдорони вохӯрӣ маълумоти мушаххас дода қайд кард, ки дар маркази мазкур шароитҳои мусоид барои соҳибкасб гардидан, аз рӯи 32 ихтисосҳои гуногуни коргарӣ муҳайё буда, хоҳишмандон метавонанд ба истифода аз ин соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гардида, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кору фаъолиятро ба роҳ монанд. Ҳамзамон дар муҳлати 2 ҳафта аз санҷиш гузашта, малакаҳои касбии худро бо гирифтани шаҳодатномаи тахассусӣ тасдиқ намоянд.

Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки бинобар сабаби расонаӣ гардидани “Рӯйхати шаҳрвандони назоратшаванда”, ҳаракати қаллобон ҷиҳати ба манфиати худ истифода намудани ин ҳолат ва дарёфти маблағи муфт аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд гардидааст.

Вобаста ба ин, аз тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки ба миёнаравон муроҷиат накарда, танҳо ба намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар ватан ва Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.

Бояд қайд кард, ки расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ҷиҳати муайян намудани вазъи будубоши шаҳрвандон аз ҷониби намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон мебошад.

Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират prmstj@mail.ru истифода намоед.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуда, ба онҳо буклетҳои роҳнамоӣ вобаста ба муҳоҷирати бехатар тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон        

Previous Post

Пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб

Next Post

Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳаракатҳои экстремистӣ, террористӣ ва тундгароӣ

Next Post
Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳаракатҳои экстремистӣ, террористӣ ва тундгароӣ

Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳаракатҳои экстремистӣ, террористӣ ва тундгароӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.