Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ бо мусофирони хатсайри Кулоб-Москва ва Кӯлоб-Санкт-Петербург мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Сафаров А., муфассал дар бораи тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, гирифтани Сертификат, Патент, полиси тиббӣ, суғуртавӣ, бастани шартнома бо корфармо, ҳолати будубош дар кишвари хориҷа, бахусус дар бораи он нафароне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, суханронӣ намуд. Ӯ афзуд, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ пеш аз сафар ҳатман ба Раёсат, шуъбаву бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муроҷиат намоянд.
Сипас мусофирони хатсайрҳо, ки шумораи зиёди онҳоро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медод, аз масъалаҳои рӯз ва проблемаҳои муҳоҷирати корӣ пурсон шуданд. Сафаров А., ба ҳамаи саволҳои шаҳрвандон ҷавобҳои мушаххас дода, арз намуд, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия ҳатман забони русӣ, таърих ва қонунгузории давлати қабулкунандаро донанд ва соҳиби касбу ҳунари коргарӣ буданашон низ шарт аст.
Дар хотимаи суҳбат ба ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ буклетҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар бораи тарзи гирифтани Патент ва будубош супорида шуд.
Намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб ба мусофирони хатсайрҳо муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ оварда, иброз намуд, ки имрӯзҳо сохторҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои ҷумҳурт ҷиҳати бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ оид ба танзим даровардани раванди муҳоҷират ва сафарбаркунии муҳоҷирон дар масири дуруст тадбирҳои судманд меандешанд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб