Бо ибтикори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон бо иштироки муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир вохӯрии судманд бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандон оиди шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риоя намудани қоидаҳои будубош дар кишвари Россия, қайди муваққатӣ, гирифтани Патент, инчунин, гузаштан аз санҷиши “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”- и ВКД ФР пеш аз сафар ва бақайдгирии изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Федератсияи Россия, суханронӣ карда шуд.
Тавре иттилоъ дода будем, 28 майи соли равон Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.
Ҳадафи асосии таъсиси намояндагии мазкур анҷом додани як қатор чорабиниҳои омодагӣ, аз ҷумла санҷиши пеш аз сафар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, акнун шаҳрвандони мо имкон доранд, дар дохили ҷумҳурӣ аз бақайдгирии изи ангушт гузаранд, ки ин барои омодагии минбаъда ҷиҳати сафарбаркунии муташаккилонаи онҳо барои фаъолияти меҳнатӣ мусоидат менамояд.
Дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир намудани Намояндагӣ ба шаҳрвандон қулай буда, ҷиҳати таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ ва сарфаи вақт барои ашхосе, ки хоҳиши кор дар Федератсияи Россияро доранд, муосидат менамояд.
Хотирасон карданием, ки аз оғози аввали моҳи сентябри соли равон хизматрасонӣ дар Намояндагӣ пулакӣ ба роҳ монда мешавад. Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон