Санаи 16 феврали соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират вохӯрии судманд бо сафирони ҷавони Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD) дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир баргузор гардид.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ ин аз наздик шинос шудани роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират бо сафирони ҷавони Маркази захиравии муҳоҷирон, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кору фаъолият менамоянд мебошад.
Сараввал муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир мухтассар оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар в Хоруғ маълумот пешниҳод намуд.
Намояндаи Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD дар шаҳри Душанбе зимни баромади хеш дар бораи ҳамкори Марказ бо Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ин ҳамкори танҳо ба манфиати фаъолияти корӣ ҳарду тараф мебошад. Аз ҷумла, зимни вохӯрӣ бо шаҳрвандон кормандони Хадамоти муҳоҷират ва Маркази захиравии муҳоҷирон оиди муҳоҷирати бехатар, будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлатҳои иқомат, бечунучаро риоя намудани қону қоидаҳои будубоши кишвари қабулкунанда ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои иштирокчиён аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
