Ба ифтихори 34 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён, бахши Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия зери унвони “Истиқлолият рамзи саодати миллат” вохӯрии судмандро бо сарбозони қисми ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, ки дар ноҳия воқеъ буда, доир намуданд.
Зимни суханрониҳо иброз гардид, ки сарбозону афсарон дар роҳи пуршарафу боифтихор – ҳифзи Ватан, таъмини амнияти давлату миллат бурдбориҳо таманно намуда, бо итминон баён доштанд, ки ҳомиёни Ватан дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, пойдории ваҳдати миллӣ ва адои қарзи шаҳрвандӣ дар назди Модар-Ватан дучанд кору фаъолият намуда, садоқати худро дар роҳи татбиқи дастуру супоришҳо, нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Ҳадафи баргузории ин чорабинӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, хештаншиносӣ ва зиёд намудани сафи ихтиёрон ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва бадин васила огаҳӣ пайдо кунонидани модарон аз шароити қисмҳои низомии даврони истиқлол мебошад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон