Тибқи нақша чорабиниҳо бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич давоми ҳафтаи сипаригардида дар Қисми Ҳарбии 0214-и Қӯшунҳои сарҳадии назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ҳарбии 04-533-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо иштироки муовини Раиси ноҳия Нуруллозода Ганҷина, намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Расулов Б., мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Одилов К., ва бо иштироки кормандони қисмҳои ҳарбӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур вобаста ба масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, теророризму экстремизм, муҳоҷирати бехатар, расонидани нуқтаҳои зарурии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва рафти амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, гузаронида шуд.
Ҳамзамон, дар ҳуҷраи корӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ доир ба масъалаҳои муҳоҷират дар давлатҳо қабулкунанда ва тартиби будубоши шаҳрвандон дар хориҷи кишвар аз ҷониби мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд