Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо намояндагони дастаи пешбурди саломатӣ “Духтурон бидуни марз” вохӯрии судманд вобаста ба пешгирии бемории сил дар байни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Абдуллоев И., менеҷер, супервайзер кормандони иҷтимоии дастаи пешбурди саломатӣ “Духтурон бидуни марз” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вохӯриро сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Абдуллоев И., ҳусни оғоз бахшида, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Хадамоти муҳоҷиратро, ки бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳамкории судманд доранд, муаррифӣ намуд.
Албата бемории сил низ бемории сироятӣ мебошад, ки аз шахси сироятёфта метавонад боиси паҳн гардидан дар байни атрофиён гардад.Бо назардошти ин, аз эҳтимол дур нест, ки ин бемории сирояткунанда тавассути рафту омади муҳоҷирони меҳнатӣ ба амал омада, хатари ҷиддиро пеш орад.
Вобаста ба ин, барои пешгирӣ ва рафъи бемории сил дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо гузаронидани корҳои иттилоотӣ ва шароити мусоид фароҳам овардан бо назардошти гузаронидан аз ташхиси тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар байни аҳолӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Ҳадафҳои пешгирӣ ва табобати бемории сил дар шаҳру деҳоти Кӯлоб аз ҷониби намояндагони дастаи пешбурди саломатӣ “Духтурон бидуни марз” дар доираи лоиҳаи “Ба сифр расонидани бемории сил” шунида шуда, қайд гардид, ки айни замон дар доираи лоиҳа дастаи сайёри табибон дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон ташхиси рентгениро ба роҳ монда, ҳангоми ошкор гардидани беморӣ, нафарони сироятёфта ба пуррагӣ ба табобат фаро гирифта мешаванд. Ба иттилоъ расонида шуд, ки бистарикунонӣ ва табобат дар доираи маблағҳои лоиҳа ройгон буда, ҳар нафар метавонад муроҷиат намояд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ тарафҳо тасмим гирифтанд, ки корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳиро дар вохӯриҳо ва дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” бо истифода аз брошюраҳои иттилоотӣ ва баромадҳо вусъат бахшида, чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми дар худ ва ё наздикону аъзои оилаи худ мушоҳида намудани нишонаҳои бемории сироятии сил, ҳатман ба мутахассисони соҳаи тандурустӣ муроҷиат намуда, аз имкониятҳои дар доираи лоиҳаи амалишудаистода самаранок истифода бурда, ҳаёти худ ва наздиконро аз хатарҳои бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доред.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон