Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент вохӯрии судманд бо сокинон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта доир ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои будубош дар давлатҳои қабулкунанда, баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ кормандони шуъба, доир ба ворид намудани тағйирот ба базе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия, ки аз 5 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад, ки ин ваколатҳои мақомоти корҳои дохилиро дар соҳаи муҳоҷират ба таври назаррас васеъ мекунад, ибрози андеша карданд.
Қайд карда шуд, ки муҳлати иҷозати будубоши муваққатӣ дар Федератсияи Россия барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба ин кишвар бо тартиби бидуни раводид омадаанд, аз 1 январ то 31 декабри соли 2025, дар маҷмӯъ, дар давоми соли тақвимӣ 90 рӯзро ташкил медиҳад.
Айни замон дар доираи ҳамкориҳои байниидоравӣ корҳои омодасозии системаҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ барои имкони татбиқи амалии ин стандартҳо идома доранд. Қайд кардан муҳим аст, ки “аз нав барқарор кардан”-и муҳлати будубоши иҷозатдодашудаи шаҳрвандони хориҷие, ки ба ФР омадаанд, бо тартибе, ки гирифтани раводидро талаб намекунанд, бо роҳи расман аз сарҳади давлатии Россия даромадан ғайриимкон аст, қайд намуд, ки ҳар як муҳоҷир вазифадор аст, дар давоми ду моҳ аз рӯзи гирифтани патент, ба мақомоти ҳудуди Вазорати корҳои дохилии Россия, ки патент додааст, огоҳинома дар бораи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатиро пешниҳод намояд. Огоҳинома аз ҷумла сурати бастани шартномаи меҳнатӣ ё шаҳрванди ҳуқуқӣ бо шахсӣ воқеӣ, ҳатто агар шартнома ба таври шифоҳӣ басташуда бошад ҳам, бояд ирсол карда шавад.
Дар сурати дар давоми ду моҳ аз ҷониби муҳоҷир пешниҳод нагардидани огоҳинома ва нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ барои иҷрои корҳо (хизматрасонӣ) патенти додашуда (бе огоҳӣ) бекор карда мешавад. Пас аз бекор кардани патент, патенти навро шаҳранди хориҷӣ танҳо аз 1 сол аз рӯзи бекоркунӣ ба расмият дароварда метавонад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд