Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори коллеҷи технологии шаҳри Конибодом вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо доир ба огоҳсозии аз падидаҳои номатлуб, терроризму–экстремизм, коррупсия, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, интихоби касб, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, қонунгузории нави Федератсияи Россия, пешгирии сироятии бемории ВНМО/БПНМ, сил, либоспӯшии фарҳанги миллии бегона (сатру ҳиҷоб аз занону духтарон, ришмонии ҷавонон), муқовимат бо савдои одамон, одамрабоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, баромад намуданд.
Дар вохӯрӣ Толибова Фарзона – мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати шаҳр, Аброрхонов Аббосхон – сархатиби шаҳр Толибов Искандар – сармутахассиси шуъбаи рушти иҷтимои ва робита бо ҷомеа, сармутахассис котиби васояту парастории ҳуқуқҳои кӯдак – Шокирова Фарида ва Равшанзода Меҳрубон – сармутахассиси бахши дин, танзиму анъана ва ҷашну маросим, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мулоқотро сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр – Толибов Искандар ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод.
Сипас мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр – Фарзона Толибова оид ба қонунгузории нави Федератсияи Россия, додани маълумот оид ба кортаъминкунии дар хориҷи кишвар, тағйироту илова ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тарзи супоридани имтиҳонҳо, гирифтани корти муҳоҷирӣ ва дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, додани қарзҳои имтиёзнок ба муҳоҷирони баргашта, ба касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занҳои хонашин, баромад намуда варақаи иттилоотӣ оид ба касбомӯзӣ, забономӯзӣ ва гирифтани қарзҳои имтиёзнок тақсим намуд.
Сармухатассис котиби васояту парастории ҳуқуқи кӯдак вобаста ба самти кори сабаб ва омилҳои бадрафтории ва душвортарбия гардидани кӯдакону ноболиғон, оид ба тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ибрози андеша намуд.
Равшанзода Меҳрубон вобаста ба пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар назди иштирокдорон баромад намуда, қайд кард ки асоси ҳамаи ин масалаҳои муҳими ҷомеаро, пеш аз ҳама тарбияи оила ва ҳидояти дурусти падару модар, тарбияи омӯзгор ташкил медиҳад.
Баромадкунандагон вобаста ба самтҳои фаъолияташон, аз ҷумла омилу сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавонон, пешгирии ҷинояткории занон, тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳлилу андешаҳои судманд намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд