Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки ба он бахши Хадамоти муҳоҷират шомил аст, инчунин фаъолон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат намуданд.
Зимни суҳбатҳо масъалаҳои муҳим ва рӯзмарраи ҳаёти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки истифодаи оқилона ва сарфакоронаи қувваи барқ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа мебошад. Масъулин аҳолиро ба сари вақт пардохт намудани маблағи қувваи барқ ва риояи қоидаҳои истифодаи он ҳидоят намуданд.
Ҳамзамон, дар бораи ҷамъоварии саривақтии ҳосили соли ҷорӣ ва захира намудани маводи озуқаворӣ барои ду сол ба ҳар як оила тавсияҳо дода шуд. Зикр гардид, ки захираи ғизо кафолати амнияти озуқаворӣ ва оромии зиндагии мардум аст.
Мавзӯи дигаре, ки дар вохӯрӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ буд. Таъкид карда шуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда бояд бештар ба таҳсил, касбомӯзӣ ва корҳои созандагӣ ҷалб шаванд, то дар оянда ҳамчун такягоҳи асосии давлату миллат хизмат намоянд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Дарвоз Дагиев Зиёратшо, ба таваҷҷуҳи сокинони чамоат расонид, ки дар асоси қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Россия, парвариш, нигоҳдорӣ ва интиқоли як қатор намудҳои растаниҳо, ки дорои моддаҳои нашъаовар ё психотропӣ мебошанд, манъ карда шудааст.
Имрӯз дар қаламрави Федератсияи Россия 19 намуди растаниҳо таҳти назорати давлатӣ қарор дошта, барои парвариши ин растаниҳо тибқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.
Дар ин руйхат мо танҳо дар бораи Ҳазориспанд ё ин ки Гармала (Peganum harmala) — растанӣ аст, ки алкалоидҳо ба монанди гармалин ва гармин дорад, ки хусусиятҳои психоактивӣ доранд, гуфтанием, ки ин растанӣ барои воридот, муомилот ва истеъмол дар ҳудуди Федератсияи Россия манъ шудааст.
Илова ба растаниҳои болозикршуда, хабар медиҳем ки инчунин Нос (Насвай, тамокуи сабз) – истеҳсол ва фурӯши он, аз ҷумла савдои яклухт ва чакана, манъ аст. Воридоти насвай барои истифодаи шахсӣ иҷозат дода шудааст, вале на бештар аз 250 грамм.
Мувофиқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия, парвариши ғайриқонунии растаниҳои нашъаовар ё психотропӣ бо ҳаҷми зиёд бо ҷазои то 8 сол маҳрум сохтан аз озодӣ таҳти таъқиб қарор мегирад. Ҳамчунин, барои парвариши миқдори ками ин растаниҳо ҷазои маъмурӣ дар назар дошта шудааст — ҷарима ё ҳабси маъмурӣ.
Аз ин лиҳоз, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, тавсия медиҳад, ки аз парвариш ва истифодаи ҳама гуна растаниҳое, ки метавонанд зери манъи қонунгузорӣ бошанд, худдорӣ намоянд, то аз оқибатҳои ҳуқуқӣ эмин монанд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед.Дар анҷом масъулин аҳолиро ба ватандӯстӣ, ҳифзи сулҳу субот ва ҳамкории зич бо сохторҳои давлатӣ ва ҳизбӣ даъват намуданд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Дарвоз