Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар якҷоягӣ бо шуъбаи Рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Раёсати маорифи шаҳр дар Ҷамоати деҳоти Ворух вохӯрӣ бо сокинон вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, муҳоҷират, терроризму экстремизм, инчунин, рафти амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак” гузаронида шуд.
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара оиди муаммоҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дучори муҳоҷирон мегардад, сухан ронда, аз ҷумла доир ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд, оиди тағйиротҳои воридкардашуда ва шиносоӣ бо қонунҳои амалкунанда, суҳбат гузаронида, ба саволҳои шаҳрвандон посухҳои қонеъкунанда шуд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандоне, ки хоҳиши сафар барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Россия сафар мекунанд дар бораи тартиби дароз намудан ва ё кам намудани муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, гирифтани Патент, қайди муваққатӣ, бастани шартнома бо кордиҳанда ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзро, ироа намуд.
Инчунин, иштирокдоронро оид ба иҷроиши Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шудааст, шинос намуд.
Дар охир ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуд.
Бояд қайд кард, ки чунин мулоқотҳо бо сокинон аз ҷониби бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, вобаста ба муҳоҷирати бехатар ташкил ва гузаронида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд