Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Ҷамоати деҳоти Пӯлотон, дар толори МТМУ №26 бо аъзои гурӯҳ: мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр – Толибова Фарзона, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр – Маҳмудов Баҳодур, сархатиби шаҳр – Аброрхонов Аббосхон, имомхатиби масҷиди ҷомеи Арабо – Орипов Мансурхон, мудири бахши кор бо ҷавонони ҲХДТ, сармутахассиси бахши танзими ҷашну маросим – Равшанзода Меҳрубон вохӯрии судманд бо сокинони деҳаи Арабо баргузор гардид.
Баромадкунандагон оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарзи дуруст истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ, омадагии пеш аз сафар, муҳоҷирати бехатар, пешгирии хурофотпарастӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, ҷалби занҳо ба касбомӯзи ба огоҳсозӣ аз падидаҳои номатлуб, терроризму–экстремизм, коррупсия, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, интихоби касб, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, қонунгузории нави Федератсияи Россия, пешгирии сироятии бемории ВНМО/БПНМ, сил, либоспӯшии фарҳанги миллии бегона (сатру ҳиҷоб аз занону духтарон, ришмонии ҷавонон), муқовимат бо савдои одамон, одамрабоӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз бо хонандагон ва омӯзгорон сӯҳбатҳо намуда, варақаҳои иттилоотӣ оид ба касбомӯзӣ, пешгирии терроризму экстремизм тақсим карда шуд.
Мулоқотро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр – Маҳмудов Баҳодур ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод. Сипас мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр – Толибова Фарзона оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории кишвари Россия, тарзи супоридани имтиҳонҳо, гирифтани корти муҳоҷирӣ ва қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, додани қарзҳои имтиёзнок ба муҳоҷирони баргашта, ба касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занҳои хонашин, суханронӣ намуд.
Аброрхонов Аббосхон – вобаста ба самти пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, суханронӣ намуд. Толибов Искандар – вобаста ба даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди иштирокдорон баромад намуда, қайд кард, ки асоси ҳамаи ин масъалаҳои муҳими ҷомеаро, пеш аз ҳама тарбияи оила ва ҳидояти дурусти падару модар, тарбияи омӯзгор ташкил медиҳад.
Равшанзода Меҳрубон – вобаста ба самтҳои фаъолияти мактаб ва тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳлилу андешаҳои судманд намуд. Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинон ба саволҳои худ аз масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд