Кормандони масъули МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD) дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират, вохӯрии судмандро бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки барои супоридани имтиҳон ва гирифтани Сертификат аз забони русӣ, таъриху тамаддун ва қонунгузории кишвари Россия омадаанд, баргузор намуданд.
Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинӣ ин огоҳ намудани шаҳрвандон дар бораи ҷанбаҳои муҳими қонунгузории муҳоҷират, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, саривақт тарк намудани кишвари будубош баъд аз анҷоми муҳлати раводид ва хатарҳои эҳтимолии вобаста ба муҳоҷират мебошад.
Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Ҳамзамон, ба ҳозирин вакансияҳои ҷойҳои холии корӣ пешниҳод гардид. Бояд қайд кард, ки ширкатҳои Федератсияи Россия омодаанд тавассути муташаккилона дар асоси шартномаи меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кор таъмин намоянд.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки он шаҳрвандоне хоҳиши дар ширкатҳои кишвари Россия тавассути муташаккилона кору фаъолият намудан доранд, аз ҷониби ширкатҳо пардохти роҳкиро, ҳуҷҷатгузорӣ, гирифтани Патент, қайди муваққатӣ, иҷозаи кор, ҷойи хоб, хӯрока ба уҳда гирифта мешавад.
Чунин суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби кормандони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ҳамкорӣ бо Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD) мунтазам гузаронида мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират