Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон якҷо бо гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар толори МТМУ №10 ва №6-и шаҳраки Зарнисор вохӯрии судманд бо сокинон гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ оид ба мавзуъҳои шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, махсусан Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Масъулият дар бораи барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ бахшида шуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Абдумалик Шоназарзода шароити таъмин гардидани муҳоҷирати бехатари шаҳрвандон мушаххасан фаҳмонида дода шуд, ки роҳҳои асосии бехатар гардонидани муҳоҷират ҳангоми сафар ба мамлакати хориҷӣ аз инҳо иборат аст: ба таври ҳатмӣ дар сатҳи муошират донистани забони давлатӣ ва муоширати мамлакати қабулкунанда; омӯхтан, донистан ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла пурра аз худ кардани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират; аз худ кардан ва дар амал иҷро намудани фарҳанги истифодаи таҷҳизоти технологияҳои иттилоотӣ, махсусан ҳангоми истифодаи шабакаи Интернет (мессенҷерҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, хостингҳо ва ғайра); соҳиби касбу ихтисос будан ва доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касб, ихтисос ва ҳунари муайян; эҳтиром кардани фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои мардуми муқимӣ.
Инчунин, оид ба амнияти иттилоотӣ ҳамчун замина ва асос барои пешгирии бадрафтору бадахлоқ гардидани насли наврасу ҷавон, дур сохтани онҳо аз қонунвайронкуниву ҷинояткорӣ ва гирифтани пеши роҳи шомилшавии аҳолӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ маълумоти мушаххас ва инчунин якчанд тавсияҳо дода шуд.
Дар фарҷоми вохӯрихо байни масъулон ва ҳозирин бобати масъалаҳои матраҳгардида суҳбати озод доир гардиданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

