Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар Ҷамоати деҳоти Чинор вохӯрии судманд бо кормандони ҷамоат, имомхатибон, раисони маҳалла ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони шуъба, намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оила ва маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО иштирок ва баромад намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ баромадкунандагон ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимои миёни ҷавонон, хусусан шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм, соҳибкасб намудани занону бонувони хонашин ва ба ватан баргашта, бо мақсади паст намудани шиддати муҳоҷират дар байни занон, пешгирии савдои одамон, одамрабоӣ (қочоқи инсон) дар хориҷи кишвар, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва пешгирии зуроварӣ дар оила, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби коррупсионӣ, пешгирӣ аз ҳаргуна бемориҳои сироятӣ, низ баромадҳо аз ҷониби намояндагон ба ҳозирин ироа гардид.
Ба ҳозирин самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои хавфноки муосир – терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ бо дар назар доштани тамоюлҳои муосири ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд.
Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии умумишаҳрвандӣ ва риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати будубош суханронӣ карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд