• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд бо сокинони шаҳри Ваҳдат

Migration Service by Migration Service
02.06.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии судманд бо сокинони шаҳри Ваҳдат
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Шаҳри Ваҳдат гурӯҳи кории мақомот дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-шаҳр вохӯрии судмандро бо сокинони кучаҳои Д. Барот, маҳаллаи 14, маҳаллаи Чутқайша ва кучаи Эшмухамедов баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр Абдураҳимзода Ш., раиси КИ ҲХДТ Ниёзов И., мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Асозода С., сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Идиев А., намояндагони барномаи RCVC Хайруллоев Ф., ва Созмони Байналмиллалии муҳоҷират Абдуллоев Б., иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар аввал директори МТМУ №5 Нориқулов Дилшод аъзои гурӯҳи кориро ба ҳозирин шинос намуда, суханро ба Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Ниёзов Ислом, дод. Номбурда ҳозиринро ба ҷашнҳои Рӯзи Ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии Футбол табрик гуфта, таъкид намуданд, ки ҳар як маъракаҳои дар пеш буда фаъолона иштирок намоянд.

Инчунин, дар масъалаи терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он сухан намуда, изҳор доштанд, ки масъалаи мазкур имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда дар баъзе мамлакатҳо нооромиҳоро ба вуҷуд овардааст. Пас мо бояд шукургузор аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошем, ки чунин як Ватани тинҷу ором ва гулгуншукуфон дорем. Нагузорем, ки ягон нафари ифротҷӯ ё ҳизбу ҳарактҳои террористӣ, шаҳрвандони моро бо ҳар роҳу васила мағзшӯӣ намуда, ба доми фиреби худ кашонидани шаванд. Моро зарур меояд, ки ҳушёриву зиракии хешро аз даст надода, ба ваъдаҳои пучу бемаънии ҳар гуна  ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дода нашавем.

Сипас муовини Раиси шаҳри Ваҳдат Абдураҳимзода Шоира, ба сухан баромада дар бораи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Барои вайронкунии қоидаҳои истифодаи нерӯи барқ”, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тиҳия гардид, гуфта гузаштанд. Инчунин, бандҳои Фармоиши мазкурро ба ҳозирин фаҳмондан, ки ҳар як амали ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ шуда метавонад.

Аз ин лиҳоз, таъкид намуд, ки пурра ноқилҳои барқии дар коргоҳ ва манзили зист будаи худро бо ҷалби мутахассисони соҳаи барқ аз назар гузаронида, ба дурустии кори ҳисобкунакҳои барқии худ аҳамияти ҷидди диҳем. Сари вақт маблағи истифодабарии қувваи барқро пурра пардохт намоем. Аз ҳақи супоридани маблағи ҳисобшудаи қувваи барқи истифодабурдаамон саркашӣ нанамоем.

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат Асозода С.,   вобаста ба тағийротҳо дар қонунгузории кишвари Россия, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ, фаъолият дар заминаи шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, огоҳонӣ оид ба гурӯҳҳои хатарафзо, террористиву экстремистӣ, ифротгароии динӣ ва нигоҳдории беҳдошти саломатӣ ба шаҳрвандон маълумотҳои муфид дод.

Қайд кард, ки дар талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат тағийротҳои зиёд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ворид гардида, шаҳрвандонро зарур аст, ки меъёрҳои муайяншударо риоя намуда, баъди ба даст овардани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, дар мақомоти салоҳиятдор оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ огоҳинома манзур намоянд.

Дар ин замина аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни фаъолияти меҳнатӣ меъёрҳои бехатарӣ дар истеҳсолотро риоя намуда, бехатарии саломатии худ ва дигар ҳамватанонро таъмин намоянд.

Ҳамзамон, ба иттилои сокинон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву эсктремистӣ, ифротгароии динӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои даҳшатафкан ва хатару омилҳои гурӯҳҳои мазкур маълумот манзур карда, даъват ба амал овард, ки аз ин гуна гурӯҳҳои мазкур канораҷӯӣ намоянд. Ҳаёти худро қурбонӣ манфиати дигарон накунанд.

Дар фарҷоми суханронӣ, ба сокинон иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки аз 28 апрели соли 2025 ба он тағийрот ворид гардида, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мушкилот дар самти ҳуҷҷатгузории худ доранд, метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд.

Аз ҷониби иштирокдорон ба масъулини бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.

Даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳолати пеш омадани мушкилот дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР  муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос: +7 (495) 967-98-44 , +7 (999) 912-58-68 ;

(WhatsApp)

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат                                               

Previous Post

Вохӯрии масъулини Мақомоти иҷроия ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳритус

Next Post

Оила – сарчашмаи меҳру муҳаббат

Next Post
Оила – сарчашмаи меҳру муҳаббат

Оила – сарчашмаи меҳру муҳаббат

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.