Дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии судманд бо волидайн, омӯзгорону хонандагони Ҷамоати деҳоти Ватан деҳаи Куҳандиёр доир карда шуд.
Масъулин вобаста ба самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлгӣ, пушидани либосҳои миллӣ, сарфакорона истифода бурдани неру барқ инчунин оид ба ободонию созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ, шомилшавӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, муҳоҷирати бехатар, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия дар бораи ватандӯстӣ, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи миллат тавассути рафтори намунавӣ, инчунин тавсияҳои ҳуқуқӣ оид ба рафтори муҳоҷирон дар ҳолати тафтиши ҳуҷҷатҳо аз ҷониби пулис, риояи тартиботи будубоши қонунӣ дар Федератсияи Россия ва тартиби барқарорсозии ҳуҷҷатҳои гумшуда маълумот гирифтанд.
Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки ҳар як ҳамватан бояд дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба фарҳангу суннатҳои аҷдодӣ ва кумак ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон саҳмгузор бошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

