Вохӯрии судманд бо волидон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва тандурустии шаҳр баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур доир ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ва пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ характерҳои террористӣ – экстремистӣ, дошта, дуруст истифода бурдани сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, аз худ кардани донишҳои муосир, омӯхтани касбу ҳунарҳои миллӣ машғул нашудан ба бозиҳои компютерӣ, даст назадан ва пешгирӣ намудан аз маводҳои психотропӣ, сахттаъсир, ҷинояту ҷинояткорӣ, муноқишаҳои гурӯҳи байни ҷавонон, донистани қонунҳо ва қарорҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзим ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, дар рафти чорабинӣ намояндаи раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Қайд гардид, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Дар хотимаи чорабинӣ ба саволҳои иштирокдорон посухҳои қонеъкунанда дода шуданд. Мулоқоту вохӯриҳо дар ин самт мутақобилан судманд идома доранд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе