• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд дар ҷамоатҳои деҳотӣ К. Исмоилов ва Н. Розиқ

Migration Service by Migration Service
15.11.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
307
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат вохӯрии судманд дар ҷамоатҳои деҳоти К.Исмоилов ва Н. Розиқ бо фаъолон, раисони маҳаллаҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.

Зимни баромад мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат Асозода Сарабек ба ҳозирин, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ сухан гуфта, қайд кард, ки имрӯз талаботи бозори меҳнат дар хориҷи кишвар, бахусус дар Федератсияи Россия ба мутахассисони касбӣ нигаронида шудааст. Аз ин баъд, ҳар як муҳоҷири меҳнатиро зарур аст, ки қабл аз сафар, омодагии ҳамаҷониба дида, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва малакаи тахассусии худро баланд бардошта, аснои будубош дар давлати қабулкунанда, қонунгузорӣ, фарҳанг, маданияти он кишварро бе чуну чаро риоя намояд.

Ҳамзамон ба иштирокчиён маълумот дод, ки барои соҳибкасб гаштани муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Ваҳдат, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои соҳибкасб гардидани ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Айни замон дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат таъсисёбии филиали “Маркази таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ки аз рӯи зиёда аз 36 номгӯи ихтисос дарс омӯзонда мешавад. Ба ғайр аз омӯзиши касбҳои коргарӣ, инчунин шаҳодатномакунӣ малакаи тахассусӣ дар маркази мазкур ба роҳ монда шудааст. Дар навбати худ, шаҳрвандон метавонанд аз ин имконияту шароити мусоид истифода намоянд.

Баъдан мутахасиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат, Аминзода Ҳикматулло ба сухан баромада, ба ҳозирин оид ба татбиқи амалии “Стратегияҳои муқовимат ба корупсия, экстремизм ва тероризм”, савдои одамон ва моҳияти он таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аснои будубош дар хориҷи кишвар, ҳуҷҷатҳои заруриро дар идораҳои дахлдор ва мақомоти марбута мустақиман бе дахолати миёнараву қаллобон дастрас намуда, талаботҳои қонунии давлати қабулкунандаро риоя намоянд. Дар сурати рӯ ба рӯ шудан ба ягон мушкили ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консулгариҳои он дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.

Инчунин, ба иттилоӣ ҷамъомадагон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки пайваста бо фарзандони худ дар алоқа буда, аз ҳоли онҳо доимо бохабар бошанд. Ба онҳо таъкид намоянд, ки ба даъвати ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, доираҳои таблиғотӣ ва ваъдаҳои пучу бемаънии гурӯҳҳои иртиҷоӣ дода нашаванд, дар масъалаи истифодабарии интернет ҳушёр бошанд. Ба ҳар паёмаку даъватҳои дурӯғ дода нашаванд. Фаромӯш набояд кард, ки оддитарин амалу ҳаракати бе мавқеи онҳо метавонанд, ки ба ихроҷи онҳо оварда, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ҷавонон, ки қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатиро ташкил медиҳанд, метавонанд аз ин имконияту шароитҳои мусоид истифода намуда, худро ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат, чӣ дар дохилу хориҷи кишвар гардонанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ баромадкунандагон бори дигар таъкид намуданд, ки ҷавонон, ба хусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳеҷ ваъдаю, таблиғотӣ бе мантиқии ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, доираҳои манфиатҷӯ, гурӯҳҳои экстремистию – террористӣ дода нашаванд. Фаромӯш накунанд, ки онҳоро Ватани обод, падару модар, зану фарзанд интизор аст.

Чунин вохӯриҳои судманд дар дигар ҷамоату деҳоти шаҳри Ваҳдат мунтазам баргузор хоҳад шуд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат

Previous Post

Диққат ба корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дода мешавад

Next Post

Чорабинии муштарак дар Литсейи касбии техникӣ-сохтмонӣ шаҳри Хуҷанд

Next Post

Чорабинии муштарак дар Литсейи касбии техникӣ-сохтмонӣ шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.