Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии судманд дар ҷамоати деҳоти Чортеппа бо кормандони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватанбаргашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Идиев Азизулло зимни суханронӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, аз ҷумла муҳоҷироне, ки вуруди онҳо ба қаламрави Федератсияи Россия муваққатан манъ гардидааст, посух дода қайд намуд, ки ин нафарон метавонанд ба Бахш муроҷиат намоянд.
Зеро, бахши Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани онҳо, ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши касбии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассус, дониши сиёсӣ, забондонӣ бо якчанд муассисаҳои касбӣ ва марказҳои ҳунаромӯзию забономӯзӣ мебошад.
Ҳамчунин ӯ дар бораи қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират маълумот дода, таъкид намуд, ки донистани қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа, воридшавӣ ба кишвари қабулкунанда, тарзу роҳҳои гирифтани Патент, қайди муваққатӣ, доштани Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории кишвари қабулкунанда, гирифтани маълумотномаи тиббӣ доир ба надоштани касалиҳои сироятӣ ва тарзи супоридани тест дар марказҳои тестсупории Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз маълумот дод.
Мақсад аз ташкили ин чорабинӣ ба роҳ мондани корҳои иттилоотию-маърифатӣ дар байни аҳолӣ мебошад.
Азизулло Идиев ба ҳозирин рӯ оварда қайд кард, ки аҳли ҷомеаро зарур аст, ки бо шукрона аз давру замон ва шароиту имкониятҳои фароҳам овардашуда, бунёдкорию созандагиро пеш гиранд, Тоҷикистонро ободу худро хушбахт гардонанд.
Ҳамзамон баромадкунандагон дар бораи тарбияи насли наврас, доир ба хатарҳои шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, пешгирии шомилшавии занону духтарон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, аз байн бурдани либоси ба фарҳангӣ миллии мо бегона ва ташвиқу тарғиби тарзи солими ҳаёт дар байни аҳли ҷомеа буд.
Дар хатми ҷамъомад аз шаҳрвандон хоҳиш ба амал оварда шуд, ки баҳри истиқболи сазовори 35-умин солгарди Ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф набошанд.
Биёед дар партави сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иди ҷумҳуриявиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирем ва ватандӯсти ҳақиқӣ буданамонро дар амал нишон диҳем!
Чунин вохӯриҳои судманд дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ идома дорад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ.