Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант бо фаъолон ва сокинони ҷамоати деҳоти Гулистон вохӯрии судманд баргузор намуд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур ширкат варзиданд.
Зимни вохӯрӣ Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Азиззода Баҳодурҷон ба ҳозирин оид ба будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла сокинони вилоят, мухтасар дар бораи қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, гирифтани Патент, иҷозаи кор, қайди муваққатӣ, доштани Сертификати забони русӣ, таърих ва қонунгузории давлати қабулкунанда, муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа ва ба касбомӯзию бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор, маълумот дод.
Ҳамзамон Азиззода Б, дар баромадаш оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, сухан гуфта, қайд кард, ки имрӯзҳо созмонҳои террористиву экстремистӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи ғаразнокашон, дар фазои иттилоотии дар Интернет паҳншаванда, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Дар робита ба ин, мисол меорем, ки роҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон тавассути расонаю сомонаҳои берунӣ фаъолияти муғризонаашро ба роҳ монда, дар барномаҳои ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”, “Ҳақ ва ботил” ва ғайра баромадҳо намуда, корашон иғвоандозию дуруғбофӣ аст. Бо василаи пахшу нашр кардани маводи ғаразнок миёни ҷомеаи тоҷик нуфуз пайдо карда, худро мубаллиғи озодию истиқлол ва пуштибони мардум вонамуд мекунанд. Тавассути ин навъи технологияи сиёсӣ, роҳбарияти ТТЭ ҲНИ мехоҳад, мисли пештара дар муҳити иҷтимоии тоҷикон таъсири манфӣ гузорад. Аз ин лиҳоз, мо набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем.
Чунин вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони ҷамоату деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам гузаронида мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон