Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Худгифи Офтоб, ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик, дар ҳамкорӣ бо роҳбари МД “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар ноҳия Бобоев Ш, оиди Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” қонунигардонии будубоши шаҳрвандон дар қаламрави Федератсияи Россия, пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳазбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ва оиди бемориҳои ВНМО/СПИД ва Сил вохӯрии судманд анҷом доданд.
Бобоев Ш., бо такя аз суханрониҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, ҷаласаро ҳусни оғоз бахшид. Аз ҷумла, қайд намуд, ки мубориза бар зидди бемориҳои сироятиро яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад. Яке аз омилҳои авҷ гирифтани бемориҳои сироятӣ ин суст ва хароб гаштани иммунитети инсон мебошад. Дар баробари ин ҳар як шахс метавонад дар пешгирии онҳо ҳиссагузор бошад.
Дар анҷоми вохӯрӣ корманди бахши Хадамоти муҳоҷират Розиқов М., суханронӣ намуда, андешаҳояшро пиромуни масъалаҳои дар боло зикргардида баён дошт. Ҳамзамон, ба сокинон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта расонида шуд, ки ҷиҳати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия аз 30.12.2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки аз 28 апрели соли 2025 ба он тағйирот ворид гардида, муҳоҷирони меҳнати, ки мушкилот дар самти ҳуҷҷатгузории худ доранд метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд