Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин якҷоя бо бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Саричашма бо аҳолӣ вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Давлатов Назримад ба иштирокчиёни вохӯрӣ оиди дигаргуниҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, дури ҷустани ҷавонон аз ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба муҳоҷират суханронӣ намуд. Аз ҷумла, оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, одамрабоӣ, зуроварӣ дар оила ва масъалаи муҳоҷирати доҳилӣ баррасӣ гардида зикр карданд, ки зӯроварӣ амале мебошад, ки ҳеҷ узре надорад, новобаста аз он ки, кай, дар куҷо ва онро ки содир мекунад.
Зӯроварӣ дар оила хосияти боз ҳам бештар харобиовар дорад, чунки аз тарафи одами наздике, ки ҷабрдида аз аввал ба ӯ эътимод дошт, ба вуқӯъ меояд ва бо назардошти сабабҳои зиёде, ҷабрдидаро нотавон мегардонад ва ӯ ба муддати дароз азобу шиканҷаи худро пинҳон мекунад. Зӯроварӣ дар оила на танҳо ҳолати равонӣ, ҷисмонӣ ва эҳсоси амнияти дохилии ҷабрдидаро cуст мекунад, он инчунин дорои дигар оқибатҳои манфӣ барои тамоми ҷомеа мебошад. Ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, одатан аз ҷомеа худашонро дур мегиранд, бо атрофиёни наздик алоқаро гум мекунанд, дар таҳсилу кор мушкилӣ мекашанд. Онҳо наметавонанд бо фаъолияти пурсамар ба манфиати ҷомеа машғул бошанд. Саривақт муайян кардани ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва расонидани кӯмаки самараноки психологӣ ба ҷабрдидагон барои барқароркунии боварӣ ба қувваи худ ва эҳёи нави захираҳои дохилӣ барои бартараф намудани мушкилот ёрӣ мерасонад.
Дар вохӯрӣ зиёда аз сесаду панҷоҳ буклету варақаҳои иттилоотӣ ба ҳозирин дастрас гардид. Инчунин ба иштирокчиён номгӯи корхонаҳое, ки айни замон дар Федератсияи Россия ба қувваи корӣ эҳтиёҷ доранд ба нафароне, ки хоҳиши ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан дорад, пешниҳод карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин вохӯриҳо бо сокинони Ҷамоату деҳоти ноҳия мунтазам баргузор хоҳад шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин