Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон вохӯрии судманд бо муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо доир ба тағйиротҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон доир ба тағийротҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ, фаъолият дар заминаи шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, огоҳонӣ оид ба гурӯҳҳои хатарафзо, террористиву экстремистӣ, ифротгароии динӣ ва нигоҳдории беҳдошти саломатӣ ба шаҳрвандон ибрози андеша намуд.
Зикр гардид, ки дар талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат тағйиротҳои зиёд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ворид гардида, шаҳрвандонро зарур аст, ки меъёрҳои муайяншударо риоя намуда, баъди ба даст овардани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, дар мақомоти салоҳиятдор оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ огоҳинома пешниҳод намоянд. Дар ин замина аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни фаъолияти меҳнатӣ меъёрҳои бехатарӣ дар истеҳсолотро риоя намуда, бехатарии саломатии худ ва дигар ҳамватанонро таъмин намоянд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба таваҷҷуҳи сокинон расонида шуд, ки ҷиҳати қонунигардони дар Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки аз 28 апрели соли 2025 ба он тағийрот ворид гардида, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мушкилот дар самти ҳуҷҷатгузории худ доранд метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд