9 октябри соли 2025 муовини роҳбари барномаҳои рушди Британияи Кабир дар Осиёи Миёна Фурхад Ахмед ва ҳамроҳони ӯ ба Хадамоти муҳоҷират ташриф оварданд.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, қоидаҳои будубош, ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи чорчӯбаи лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатари коргарони мавсимӣ аз Осиёи Марказӣ ба Британияи Кабир”, ки баҳри беҳтар омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ барои иштирок дар барнома равона шудааст, ибрози сухан намуданд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо вобаста ба идомаи интихоб ва сафарбаркунии шаҳрвандон барои корҳои мавсимии кишоварзӣ ба Британияи Кабир дар доираи ҳамкорӣ бо ширкатҳои кишвари мазкур, ки хостори фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар соҳаи кишоварзии Британияи Кабир доранд, маълумот дод. Ҳамзамон иброз намуд, ки айни замон дар назди МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” омӯзиши забони англисӣ ройгон ба роҳ монда шудааст.
Дар навбати худ ҷаноби Фурхад Ахмед муфассал дар бораи барномаҳои рушди Британияи Кабир дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуда, дар рафти мулоқот ба саволҳои Сардори Хадамот ҷавобҳои қонеъкунанда дод.
Ҳамзамон, ҷаноби Фурхад Ахмед изҳори миннатдорӣ намуда, арз намуд, ки омодааст барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ ба кишвари Британияи Кабир мусоидат хоҳад кард.
Дар фарҷом, ҷаноби Фурхад Ахмед ва ҳамроҳони ӯ аз фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”- и Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дидан намуда, бо чанд нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар синфхонаи Марказ барои маълумот ба назди о намояндагони СБМ омада буданд, ҳамсуҳбат гардид. Инчунин, ӯ аз бинои нав, ки айни замон корҳои таъмирӣ идома дорад дидан намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират