Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими фаъолияти тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, нагардидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои радикаливу экстремистӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб, дар маҳаллаи “Қорираҳмат Қурбонов”- и шаҳри Хуҷанд вохурии судманд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Абдусаттор Ҷабборӣ, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр Муродҷон Раҷабов, мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ахмедҷонова Волида, инчунин намояндагони комиссариати ҳарбӣ ва ходимони дин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дар замони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ дар миёни наврасону ҷавонон мебошад. Гуфта шуд, ки танҳо тавассути корҳои мунтазами фаҳмондадиҳӣ, ҷалби фаъолонаи ҷавонон ба ҳаёти ҷомеа ва ҳамкории зичи сохторҳои дахлдор бо сокинон метавонад ба муқовимати муассир бо ҷинояткорӣ ва падидаҳои номатлуб гардад. Дар ҷараёни вохурӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба муҳоҷират, хизмати ҳарбӣ, инчунин нақши муассири оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз тарафи намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Хуҷанд оид ба қоидаҳои нави Федератсияи Россия роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонида шуд. Гуфта шуд, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад.
Агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, убурӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад.
Шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд:
1. Агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад;
2. Шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсил доранд, онҳо метавонад то анҷоми таҳсил муҳлати будубоши худро тамдид намоянд, дар ҳолати анҷоми зиннаи таҳсилот инчунин имконият дода мешавад, ки ба муҳлати 30 шабонарӯз будубоши худро тамдид намуда, ба зинаи дигари таҳсилот дохил шаванд.
Ба иттилои сокинон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Иштирокчиён зарурати идомаи чунин чорабиниҳоро дар дигар маҳаллаҳо муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар поёни мулоқот, сокинон саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои муфассал дарёфт карданд ва аз баргузории чорабинии мазкур изҳори сипос намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд