Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар деҳаи Даштикони Ҷамоати деҳоти Яхтан вохӯрии судманд бо сокинону фаъолони ҷамоат бо иштироки муовини Раиси ноҳия Файзуллозода Насрулло, сармутахассиси бахши дин, танзими ҷашну маросим, Иброҳимова З., шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи Раиси ноҳия Шарофзода М., мудири бахши кор бо занон ва оила Ҷамолова М., мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират Одилов К., ва имомхатибону раисони маҳаллаҳо баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки эҳтимоли вурудашон манъшавӣ дар ҳудуди ФР доранд ва оиди истифодаи дурусти қувваи барқ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, пешгирии ходисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, теророризм экстремизм, муҳоҷирати бехатар, татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бар зидди коррупсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”, рафти амалишавии Қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” гузаронида шуд.
Намояндаи бахши Хадамоти мухоҷират дар ноҳия Одилов К., оиди дар ҷаҳони муосир таъсиррасонии равандҳо ва зуҳуроти гурӯҳҳои ифротие, ки на балки дар як қатор кишварҳои минтақа ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунад, сухан ронда, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротии террористӣ экстремистӣ ва аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраве, ки мардумро хусусан муҳоҷирони меҳнатиро фирефтаи худ мекунанд ва боз он муаммоҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дучори муҳоҷирон ва оилаи онҳо мегардад, огоҳонида шуд.
Аз ҷумла, доир ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд, оиди тағйирот воридкардашуда ва шиносоӣ бо қонунҳои амалкунандае, ки ҳангоми сафар кардан ба давлатҳои хориҷи, хусусан ба Федератсияи Россия аз қонуну қоидаҳое, ки дар он давлат амал мекунад, воқиф буда, тартиби будубошро ва тартиби фаъолияти меҳнатиро бояд дуруст ба роҳ монанд, суҳбат гузаронида шуд. Ҳамзамон, ба шаҳрвандон барои муҳоҷирати бехатар ба давлатҳои хориҷа, якчанд дастуру супоришҳо оид барасмиятдарории ҳуҷҷатхо ва барои гирифтани и ҷозатномаи кор дар хориҷа дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамотимуҳоҷират

