Дар Ҷамоати деҳоти С. Раҳимов деҳаи Булакдашт вохӯрии гурӯҳи кории доимоамалкунандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бо сокинон барои амалӣ намудани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Аслиддин А., муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Мирасзода А., мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Сафарзода Б,, ва намояндаи ҷамоат Гадоев С., иштирок ва баромад намуданд.
Баромадкунандагон иброз доштанд, ки ҳадафи асосии вохӯрӣ таҳким бахшидани ҳамкории мақомот бо ҷомеа буда, ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ байни ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоат муайян намудану рафъи сабабу шароите, ки ба ҳамроҳшавии ҷавонон ба ифротгароӣ мусоидат менамоянд, нигаронида шудааст.
Гуфта шуд, ки маърифати ҳуқуқии инсон қисми таркибии маданияти маънавӣ ба ҳисоб рафта, он аз низоми донишҳо, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин соҳиби малака ва тавоноӣ вобаста аст.
Таъкид гардид, ки барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд.
Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро баҳри зиндагии сазовор дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд.
Ҳамзамон изҳор карда шуд, ки пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёфта, имрӯз дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегардад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон