• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд дар ноҳияи Варзоб

admin by admin
16.10.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
311
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мақсади асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ин таъмини боэътимод ва сифатноки эҳтиёҷоти рӯзафзуни ҷумҳурӣ ба захираю маҳсулоти энергетикӣ ва кафолати амнияти энергетикии кишвар мебошад.

Аҳмияти муҳими ҳаётӣ доштани ин соҳаро ба назар гирифта, Ҳукумати мамлакат ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарафманди тоҷик таъмини истиқлоли комили энергетикиро ҳадафи стратегӣ эълон намуд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «Имрӯз дар кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад».

Дар ин асно, тибқи Нақша чорабиниҳои муштарак дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб вохӯрӣ таҳти Раёсати муовини аввали Раиси ноҳияи Варзоб Раҷабзода Бобоназар Раҷаб, муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Саид Одинамуҳаммад, ёрдамчиёни прокурори ноҳияи Варзоб Шарифзода Азиз ва Муҳаммадзода Баҳриддин баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва сабабҳои воқеии маҳдудияти таъминоти нерӯи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ карда шуд.

Дар вохӯрӣ муовинони раиси ноҳия, раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, роҳбари бахши Хадамоти муҳоҷират, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, имомхатибон, роҳбарони корхонаю муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, раисони кумитаҳои маҳал, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳия ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.

Муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовири адлияи дараҷаи II Одиназода Саид Одинамуҳаммад оид ба масъалаҳои мубрами рӯз баромад намуда, аз ҷумла зимни баромади худ зикр намуданд, ки дар кишвари мо солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати азнавсозиву таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда ва сохтмони нерӯгоҳҳои нав чораҳои дахлдор андешида, дар ин давра нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда 1 ва 2», агрегати якум ва дуюми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», Маркази дуюми барқу гармии шаҳри Душанбе ва садҳо нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Дар баробари ин, қайд карданд, ки яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ амалӣ гашт, ин таҷдиду азнавсозии иқтидорҳои мавҷуда мебошад. Дар чанд соли охир дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ таҷдиду азнавсозии нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Қайроқум», «Сарбанд», силсиланерӯгоҳҳои «Вахш» ва «Варзоб» амалӣ гардида истодаанд, ки ин тадбирҳо ба ин нерӯгоҳҳо умри дубора бахшида эътимоднокӣ ва иқтидорашонро афзун месозад.

Илова бар ин, Одиназода Саид Одинамуҳаммад зимни суханронии хеш дар хусуси пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, истифодаи сару либоси миллӣ ва канораҷӯи кардан аз бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги тоҷикона дар байни ҷавонон андешаҳояшонро иброз намуданд. Ҳамчунин, қайд намуданд, ки терроризм ҳамчун як беморӣ имрӯз гирифторони худро аз миёни ҷавонони камтаҷрибаю ноогоҳ дарёфта, онҳоро ба доми фиреби худ мекашад. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб кори як , ду ё якчанд нафар нест. Алайҳи терроризм, экстремизм ва бегонапарастӣ танҳо дар ҳолате ҷомеа дастболо мешавад, ки муборизаи дастаҷамъона бурда тавонад.

Баъдан узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси ноҳияи Варзоб Хоҷазода Фарзона Ҳамдам қайд намуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид».

Инчунин, Хоҷазода Фарзона Ҳамдам ибрози андеша намуданд, ки ҳар фарде, ки Ватани худро азиз медонад бояд ҳамеша дар пайи корҳои созандагиву ободонӣ бошад, бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлати соҳибистиқлоли худ кору фаъолият карда, дар амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшишу талош намояд.

Дар охир муовини аввали Раиси ноҳияи Варзоб Раҷабзода Бобоназар Раҷаб вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самараноку оқилона истифода бурдани нерӯи барқ дар мавсими зимистон ва пардохти саривақтии истифодаи он ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сипас Раҷабзода Бобоназар Раҷаб дар атрофи масъалаҳои зикршуда суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҳар фарди ин ҷомеа бояд дарк намояд, ки ин осудагӣ ва амонӣ ба ивази чӣ гуна муборизаҳо ба мо муяссар шудааст. Аз ин рӯ, бояд барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва марзу буми кишвар дастаҷамъона мубориза бурда, аз паи андешаю ақидаҳои ифротгароии бархе аз нафарони ҷоҳталаб нагардем. Барои ҳимояи амнияти ин давлат ва сулҳу осоиштагии кишвар худро масъул дониста, фарзандону аҳли ҷомеаро дар рӯҳияи дӯст доштани ин ватану ин миллат ба камол расонем.

Орифҷон Олимзода,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Вохӯрии судманд бо сокинони маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур

Next Post

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат

Next Post

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.