Бо ибтикори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон вохӯрии саривақтӣ бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар доранд, дар утоқи корӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинӣ ин огоҳ намудани шаҳрвандон дар бораи ҷанбаҳои муҳими қонунгузории муҳоҷират, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, саривақт тарк намудани кишвари будубош баъд аз анҷоми муҳлати раводид ва хатарҳои эҳтимолии вобаста ба муҳоҷират мебошад.
Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон, ки қисми зиёди онро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳад, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Дар рафти вохӯрӣ ба таваҷҷуҳи сокинони вилоят расонида шуд, баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони №1126, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад. Пас аз 10 сентябри соли 2025 танзими мақоми ҳуқуқӣ ғайриимкон мегардад.
Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Россия, шаҳрвандони зикршуда бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ муроҷиат намоянд ба, ҳар як филиали ФГУП “ПВС” ВКД Россия (дар ҷои иқомати воқеӣ), МБМ “Сахарово”-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Москва иқомат доранд), наздиктарин шуъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия
(дар ҳолати дурии ҷуғрофӣ аз ин ташкилотҳо, дар ҳолатҳои душвор ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқӣ бевосита аз кормандони пулис).
Вохурӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт. Аз ҳамватанон даъват гардид, ки барои маслиҳати ҳуқуқӣ ва тамоми мушкилот бо намояндагонӣ расмӣ тамос гиранд.
Дар хатми вохӯрӣ ба ҳар як шаҳрванд дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ брошюраҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон