Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар Ҷамоати деҳоти Ворух бо иштироки муовини раиси шаҳри Исфара – Бобоиён М., вохӯрии судманд бо сокинони ҷамоат доир гашт.
Баромадкунандагон дар бораи Паёми имсола, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, пешгирии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, даст задани ҷавонону ноболиғон ба ҷинояткорӣ ва пешгирии он баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки Паёми имсолаи Президенти мамлакат фарогирии тамоми паҳлуҳои ҳаётиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии сокинони кишвар буда тақозо медиҳад, ки ҳар як фарди ватандӯст бояд барои дар амал татбиқ намудани барномаву масъала ва ҳадафҳои дар Паём ироа гардида саъю талош намояд.
Зимни суханрониҳо вазъи бениҳоят печидаву мураккаби ҷаҳони имрӯза, аз қабили афзоиши хатари терроризму экстремизм ёдовар шуда таъкид гардид, ки дар чунин шароит ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва субботи сиёсӣ таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандӣ ва рисолати ҳар фарди ба нангу номус, аз ҷумла ҷавонони саодатманди даврони истиқлол мебошад. Барои пешгирӣ намудани паҳншавии фарҳанги бегона тадбирҳои мушаххас ва муассир андешидан зарур аст.
Дар рафти он аъзои гурӯҳи тарғиботӣ оид ба мӯҳтавои Паёми Сарвари давлат, пешгирии шомилшавии гурӯҳҳои ифротгаро ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони баргашта, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, мубориза бар зидди коррупсия, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан карданд.
Аз тарафи сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ахмедов М., доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, Стратегияи давлатии мубориза бо корупсия, муқовимат ба савдои одамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.
Дар охир ба саволҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд