Бо ибтикори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе якҷоя бо Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD), вохӯри судманд бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар доранд, дар синфхонаи Марказ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинӣ ин огоҳ намудани шаҳрвандон дар бораи ҷанбаҳои муҳими қонунгузории муҳоҷират, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, саривақт тарк намудани кишвари будубош баъд аз анҷоми муҳлати раводид ва хатарҳои эҳтимолии вобаста ба муҳоҷират мебошад.
Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи иштирокдорон расонида шуд, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 ба тасвиб расидааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвари иқомат бе ҳуҷҷати расмӣ фаъолият доранд, метавонанд дар асоси он то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошашонро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд.
Дар хатми вохӯрӣ ба ҳар як шаҳрванд дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ брошюраҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират