Бо мақсади татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар деҳаи Якатути ҷамоати деҳоти Кушктеппаи ноҳияи Темурмалик оиди дуруст ва самаранок истифода бурдани қувваи барқ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, муҳоҷирати бехатар, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоту вохӯриҳо ва корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Баромадкунандагон таъкид намудаанд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.
Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ҳифзи истиқлолият ва таъмини ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти миллӣ таъмин мебошад.
Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти миллӣ хавфи ҷиддӣ ба миён меорад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, чораҳои дахлдор андешанд. Ин ҷараёни хатарҳо метавонад ба несту нобуд кардани миллатҳо ва давлатҳо оварда расонад. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад.
Ба ҳамин хотир моро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамеша кӯшиш намуда, манфиатҳои шахсиро дар зинаи охир бимонем ва ҳамеша дӯстдори Ватани маҳбубамон бошем.
Намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремисти, ифротгарову хуруфотпараст ва оиди бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД), суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, ба маълумоти муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки қоидаҳои техникаи бехатариро бинобар пешгирии ҳодисаҳои нохушу ғайричашмдошт қатъиян риоя намоянд. Илова бар ин сокинон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират
