Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мувофиқи ҷадвали баргузории корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ дар якҷоягӣ бо шуьбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия, бахши дин ва ҷашну маросим, КИ ХХДТ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриву мулоқотҳо бо сокинон гузаронида истодаанд.
Чунин вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз маҳаллаи №З баргузор гардид, ки дар рафти он дар “Дар бораи 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” пешгирии шомилшавии ҷавонон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ходисаҳои номатлуб, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ҷалби ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат ба Модар ватан, ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони мехнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст, ироа гардид.
Аз рӯи масъалаҳои мазкур иштирокдорон фикру ақидаҳои худро баён намуданд. Дар рафти суханронӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, яъне терроризм ва экстремизм дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо сухан гуфта, аз ҷумла, қайд карданд, ки имрӯз ҷавонони мо бояд ҳушёру зирак ва аз авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ бохабар бошанд, ҳамчун фарзандони бонангу ори Ватан ҳеҷ гоҳ ба ин душманони миллат роҳ надиҳанд, ки пояҳои Истиқлолияти кишварро заиф гардонанд, сулҳу салоҳ ва оромии ҷомеаро ҳифз намоянд. Манфиатҳои миллӣ – Истиқлолияти давлатамонро ҳифз намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд