Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ вохӯриву мулоқот бо сокинони ноҳия дар бозори марказии ҷамоати шаҳраки Шайдон баргузор гардид.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули суҳбатҳои рӯ ба рӯ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, савдои одамон, муҳоҷирати бехатар, пешгирии бегонапарастӣ ва пос доштани фарҳанги аҷдодии миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрам байни сокинон ташкил намуда, пайваста мулоқоту вохӯриҳо гузаронида истодаанд.
Қайд карда шуд, ки гурӯҳҳои ифротӣ, ки одатан бо идеологияҳои тундгароёна ва зӯроварӣ алоқаманданд, таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва байналмилалӣ мебошанд. Онҳо ба истифода аз идеологияҳои динӣ, сиёси ё иҷтимоӣ кӯшиш мекунанд, ки ақидаҳо ва ҳадафҳои худро бо роҳи зӯроварӣ ва норозигӣ пиёда созанд.
Дар ҳақиқат, ҳар як инсони боимону оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат чи қадар дигаргуниҳои куллӣ дар бобатӣ ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асосос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст. Ҳарчанд, ки роҳи тай намудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом додаанд ва итминони комил дорем, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард.
Ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеъа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳаммаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем.
Ҳамзамон, дар рафти суҳбат бо сокинони ноҳия, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд