Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт вохӯриву мулоқоти судманд бо сокинони деҳаи Дустии Ҷамоати деҳоти Ашт баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки ҳадафи мулоқоти мазкур, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2024 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ироа гардид инчунин фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ки санаи 20 июли соли 2024 бо тағйиру иловаҳои нав мавриди амал қарор гирифта буд ва оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, пешгирии фарҳанги бегона, маданияти шаҳрнишинӣ, корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба таҷлил намудани 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, муҳоҷирати бехатар ва масъалаҳои мубрами рӯз мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифт.
Ҳамзамон, дар идомаи суҳбат возеъ ба саволҳои иштироккунандагон қайд карда шуд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешаванд, вазифадоранд дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шудан ё ҳангоми муроҷиат барои гирифтани Патент аз қайди ҳатмии давлатии изи ангушт, аксбардорӣ ва муоинаи тиббӣ гузаранд.
Бояд иброз намуд, ки чунин сӯҳбату вохӯриҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар дигар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия идома хоҳанд ёфт.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд