Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори маҷлисгоҳи мақомот вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони ба Ватан баргашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ баромадкунандагон доир ба огоҳсозӣ аз падидаҳои номатлуб, терроризму экстремизм, коррупсия, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, интихоби касб, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, қонунгузории нави ФР дар самти муҳоҷират, пешгирии сироятии бемориии ВНМО/БПНМ, сил, либоспӯшии фарҳанги миллии бегона (сатру ҳиҷоб аз занону духтарон, ришмонии ҷавонон), муқовимат бо савдои одамон, одамрабоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баромад намуданд.
Дар вохӯрии мазкур Охунзода Одил – муовини Раиси шаҳри Конибодом дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Саидзода Алишер – муовини кор бо ноболиғони ШВКД, Толибова Ф., – мудири бахши Хадамоти муҳоҷират, Ғиёсов Ш., – мудири бахши дин, танзиму анъана ва чашну маросимҳо, Мухиддинова М., – мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД, Валиева Ш., – мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, сармутахассис – котиб оид ба ҳуқуқи кӯдак иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сипас мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр оид ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, муҳоҷирати бехатар,тарзи дуруст пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент, бо таври содда фаҳмонида дод. Инчунин, додани қарзҳои имтиёзнок ба муҳоҷирони ба Ватан баргашта баромад намуда ба иштирокчиён варақаи иттилоотӣ оид ба касбомӯзӣ, забономӯзӣ ва гирифтани қарзҳои имтиёзнок тақсим намуд.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и шаҳр оид ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон, оилаву оиладорӣ суханронӣ намуд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки асоси ҳамаи ин масъалаҳои муҳими ҷомеаро, пеш аз ҳама тарбияи оила ва ҳидояти дурусти падару модар, тарбияи омӯзгор ташкил медиҳад.
Баромадкунандагон вобаста ба самтҳои фаъолияташон, аз ҷумла омилу сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии ҷинояткории занон, таҳлилу андешаҳои судманд намуданд.
Чунин як вохӯрии навбатӣ бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панчакент дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, бахши танзими дин, анъана ва ҷашну маросимҳо ва раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо кормандони ҷамоат ва муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар МТМУ №43 Ҷамоати деҳоти Саразм деҳаи Камар доир ба мавзӯи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба муҳоҷирати бехатар дар байни аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат ба модар – Ватан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, маводҳои тарғиботию ташвиқотиро тақсим намуданд.
Бурдани чунин корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ аз ҷониби бахшу шуъбаҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мунтазам идома дорад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом