Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати тақвият додани корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, вобаста ба муҳоҷиратӣ бехатар, пешгирии пайвастани муҳоҷирон ба сафи гурӯҳҳои ифротгароии динӣ, савдои одамон ва оид ба кор таъминшавӣ дар ширкатхои ватанӣ ва ҷалб намудани онҳо ба касбомӯзӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” бо муҳоҷирони меҳнатӣ пайваста вохӯриву суҳбатҳо баргузор намуда истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки имрўзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистӣ мебошад. Барои шомил кардан ба сафҳои худ гурӯҳҳои террористию экстремистӣ кушиш менамоянд ба гурӯҳи муайяни аҳолӣ рӯ биёранд, ки инҳоро ҷавонон,шахсони бекор ва ниёзманд, муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони ба маблағ ниёз дошта, аз волидон ва ё ҷамъият ранҷида, дорои пасти дониш ва маърифати ҳуқуқӣ ва дигарон ташкил медиҳанд.
Бо мухочирони мехнатие, ки онхоро аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ ва бозпас гардонидаанд суҳбатҳо карда шуда ба онҳо тавсия дода шуд, ки ба Хадамоти муҳоҷират ва Агентии шуғли аҳолии минтақаи зисти худ муроҷиат намуда, дар ширкатхои ватанӣ, аз он ҷумла НБО “Роғун” ба онҳо ҷойҳои холии корӣ пешниҳод намоянд.
Дар охир ба суолҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират ҷавобҳои мушаххас дод шуда, ба онҳо буклетҳои Хадамоти муҳоҷират оид ба “Тундгаро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист?”, “Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?” ва дигар буклетҳо тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон