• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯриву суҳбатҳо бо шаҳрвандон дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Migration Service by Migration Service
07.05.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯриву суҳбатҳо бо шаҳрвандон дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” корҳои фаҳмондадиҳиро бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ оиди муҳоҷирати бехатар, хабардор будан аз талаботҳои нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар хориҷи кишвар, пешгирии хавфу хатарҳо, аз қабили ворид шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, инчунин, ба саҳми муҳоҷирони ба ватан бозгашта расонидани мавҷудияти ҷойҳои холии корӣ дар ширкатҳои ватании дохили кишвар, ҳамарӯза ҷоннок намуда истодаанд.

Намояндаи масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Сафаров Абдулфайз, зимни суҳбат бо шаҳрвандон вобаста ба мушкилотҳое, ки айни замон дар раванди муҳоҷират ба вуқуъ омадааст, суханронӣ намуда, қайд кард, ки пеш аз сафар ба кишвари Федератсияи Россия ҳар яке бояд омодагии ҳамаҷониба дошта бошад. Ёдовар гардид, ки ҳангоми сафар ба Федератсияи Россия ҳатман шиносномаи хориҷии худро дар маҳзани манъшудагон санҷида, аз тавсияҳои намояндагони масъули сохтори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҶират ва шуғли аҳолӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, истифода бурда, сипас азми сафар намоянд.

Бо назардошти вазъияти имрӯза ёдовар гардид, ки барои дохил шудан ба сарҳади Федератсияи Россия донистани қонунҳои нави амалкунандаи ин кишвар дар самти муҳоҷират муҳим буда, бо қадри муошират донистани забон, фарҳангу тамаддун ва риояи талаботҳои будубош ва истифодаи мақсадноки телефонҳои мобилӣ дар ин кишвар зарурият дорад. Бо мақсади маълумотнокии муҳоҷирони меҳнатӣ тартиби бақайдгирии иқомат, тарзи гирифтани Патент ва бастани  шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ва дигар хизматрасониҳои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар хориҷи кишвар ба саҳми иштирокдорон расонида шуд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират оид ба масъалаи пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус, муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ экстремистӣ, одамрабоӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, омӯзиши фарҳанги бегона ва дигар масоили мубрами рӯз андешаронӣ намуда, қайд кард, ки терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, миллатгароӣ бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ боиси халалдор намудани сохти амнияти ҷамъиятӣ қишварҳои осоишта гардида, оқибати парешонҳолӣ ва дигар омилҳои нангин дорад. Дар ин ҳолатҳо ҳар як фарди солимфикр бояд худро аз таъсири чунин гурӯҳҳо дар канор гирад, зеро гурӯҳҳои ифротгаро созмонҳои экстремистию террористӣ омодаанд, ки ҳар нафари ҷамъияти имрӯзаро тариқи давъатҳои таблиғотӣ бо истифода аз саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ ва дигар сомонаҳо бо паёмакҳои телефонӣ, ташвиқоту ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намуда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ ба сафҳои худ шомил намоянд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло таъкид гардид, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо ҳамкориро бо Сафоратхона ва Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР дар самти муҳоҷират ба роҳ монанд.

Инчунин, дар раванди вохӯрӣ ба нафароне, ки бо сабабҳои гуногун аз Федератсияи Россия баргардонида шудаанд, барои дарёфти ҷойи кори муносиб дар дохили кишвар тавсияҳои муфид дода шуд.

Қайд гардид, ки айни замон дар дохили кишвар барои дарёфти кори мувофиқ ва музди меҳнати арзанда шароиту имконияти хуб фароҳам буда, ширкатҳои сохтмонӣ, саноатӣ, роҳсозӣ ва дигар корхонаҳои бузург аз қабили НБО «Роғун», ҶСП «Ҷунтай-Данғара», «Син силу текстил» ва дигар сохтмонҳои шаҳрсозию азнавсозии шоҳроҳҳои байналмилалӣ ба мутахассисони соҳибмалакаи ватанӣ эҳтиёҷ доранд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират ҷавобҳои муфид дода шуда, маводҳои иттилоотӣ ва роҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Дар Фархор вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид

Next Post

Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Next Post
Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.