Риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар хизматрасониҳои фаъолияти меҳнатии мувақатӣ дар Федератсияи Россия, омодагӣ ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, аз байн бурдани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ин буд он саволҳое, ки кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд, вохӯриву суҳбатҳо доир намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ба шаҳрвандон оид ба мушкилиҳое, ки имрӯз дар раванди муҳоҷират муҳоҷирони меҳнатӣ дучор мешаванд ва чи тавр аз ин омилҳо эмин нигоҳ доштани худ суханронӣ намуда, оиди қонунҳои амлкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ба ҳозирин маълумот доданд.
Ба саҳми муҳоҷирон расонида шуд, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия, дар маҳзанаи манъшудагон шиносномаи худро санҷида баъдан азми сафар намоянд, ҳангоми сафар пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақсаднок амалӣ намуда, барои фаолияти меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Россия бояд касби муайяне дошта бошад, забони давлатии кишвари қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират донад ва аз таъриху тамаддун ва қонунҳои амалкунандаи он бохабар бошад, ки ҳангоми будубош ба мушкилотҳо дучор нагардад.
Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба масъалаи пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ эктремистӣ, ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ, омӯзиши фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масоили мубрами рӯз фикру андешаҳои худро ба ҳозирин иброз намуда қайд карданд, ки экстремизм, терроризм, ифротгароӣ, миллатгароӣ бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар тамоми дунё паҳн шуда, боиси халалдор намудани сохти амнияти ҷамъиятӣ ва дигар амалҳои нангин мегардад.
Ҳар нафари берун аз кишвар бояд худро аз таъсири чунин гурўҳҳо дар канор гирад, зеро гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ омодаанд, ки ҳар нафари ҷамъияти имрӯзаро тариқи давъатҳои таблиғотӣ истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоию интернетии шабакаҳои однокласник, фейсбук ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил намоянд.
Бо назардошти гуфтаҳо таъкид гардид, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо эҳтиёткориро аз даст надода, кӯшиш кунед, ки мушкилоти худро на ба танҳоӣ, балки бо Сафорат, Консулгариҳо ва Намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитстон дар ФР, диаспортҳо ва ё мақомотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия муроҷиат намуда ҳал намоед.
Дар рафти суҳбат ба нафароне, ки бе сабаб ё бо роҳи маъмурӣ аз кишвари Россия ихроҷ гардидаанд тавсия дода шуд, ки руҳафтода нашуда барои дарёфти кор ба сохтори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоянд.
Қайд гардид, ки айни замон дар дохили кишвар барои дарёфти кори мувофиқ ва музди меҳнати баланд бо шароитҳои хуб имконияти фароҳам буда, ширкатҳои сохтмонӣ, саноатӣ, роҳсозӣ, корхонаҳои бузурги ватанӣ аз қабили НБО «Роғун», ҶСП «Ҷунтай-Данғара», «Син силу текстил» ва дигар сохтмонҳои биносозӣ ба коргар ва мутахассисони соҳибмалакаи ватанӣ эҳтиёҷ доранд.
Дар фарҷоми вохўрӣ ба дигар саволҳои иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои гуногун ҷавобҳои муфид дода шуда, маводҳои таблиғотӣ ва брошюраи роҳнамоӣ ҳангоми сафар тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират