Риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар хизматрасониҳои фаъолияти меҳнатии мувақатӣ дар Федератсияи Россия, омодагӣ ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, аз байн бурдани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ин буд он саволҳое, ки кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд, вохӯриву суҳбатҳо доир намуданд.
Дар рафти вохӯриҳо ба шаҳрвандон оид ба мушкилиҳое, ки имрӯз дар раванди муҳоҷират муҳоҷирони меҳнатӣ дучор мешаванд ва чи тавр аз ин омилҳо эмин нигоҳ доштани худ суханронӣ намуда, оиди қонунҳои амлкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ба ҳозирин маълумот доданд.
Аз ҷумла, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30.12.24, №1126 нашр шудааст, ки ба пурзӯр кардани назорат дар соҳаи муҳоҷират равона гардида, хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро, ки бояд ба феҳристи шахсони назоратшаванда дохил карда шаванд, муайян мекунад.
Фармон бо мақсади татбиқи Қонуни федералии аз 8 августи соли 2024, №260-ФЗ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия» инчунин мӯҳлати чормоҳаро (аз 1 январи соли 2025 то 30 апрели соли 2025) муқаррар кардааст, ки дар давоми он шаҳрвандони хориҷӣ, шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бо вайрон кардани мӯҳлати будубош қарор доранд ва ё корфармоёни онҳо метавонанд ба мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия, аз ҷумла тавассути муассисаҳои ваколатдор (намояндагиҳои Муассисаи федералии воҳиди давлатии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Россия, ки қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар фаъолият менамоянд ё Муассисаи давлатии буҷетӣ ММБ “Сахарово”) барои танзими вазъи ҳуқуқӣ ва гирифтани иҷозатномаҳои зарурӣ муроҷиат намоянд.
Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо гузаронидани расмиёти муайянкунии биометрии шаҳрвандони хориҷӣ, ташхиси тиббӣ барои бемориҳои хатарнок, истифодаи маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, инчунин санҷиши қарзҳо оид ба пардохти боҷҳо, андозҳо, пардохтҳо, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пешбинӣ шудааст.
Мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия аризаҳоро оид ба дароз кардани муҳлатҳои иқомат аз шаҳрвандони хориҷие қабул мекунад, ки ҳуҷҷатҳои қонунии иқомат надоранд.
Аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 ҳар як шаҳрванди хориҷӣ, ки қоидаҳои иқоматро вайрон кардааст, барои танзими вазъи ҳуқуқии худ бояд ба мақомоти минтақавӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии ВКД Россия ё намояндагиҳои Муассисаи федералии воҳиди давлатии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”- и Вазорати корҳои дохилии Россия дар ҷойи иқомати худ муроҷиат кунад.
Мутобиқи Фармони мазкур нисбати шахсони муроҷиатнамуда чораҳои вобаста ба ихроҷ, ҷойгир кардан дар муассисаҳои махсус ва инчунин манъи вуруд татбиқ карда намешаванд. Баъд аз гузаштани расмиётҳои муайяншуда, ба онҳо ҳуҷҷати қонунӣ барои будубош дода мешавад.
Бо фармони мазкур асосҳо барои рад кардани танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин манъи истифодаи ягон маҳдудият ва чораҳои маҷбуркунии давлатӣ нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки бо Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия шартнома бастаанд, муайян карда шудаанд.
Ҳалли масъалаи барасмиятдарории вазъи ҳуқуқӣ пас аз 1 майи соли 2025 ғайриимкон мегардад. Аз санаи мазкур нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки барои будубош дар қаламрави Федератсияи Россия асосҳои қонуниро аз даст додаанд, то ихроҷ шудани онҳо аз Россия тамоми чораҳои пешбининамудаи қонун барои маҳдуд кардани қисме аз ҳуқуқҳо, аз ҷумла дар оянда ворид шудан ба Россия татбиқ карда мешаванд.
Дар рафти суҳбат ба нафароне, ки бе сабаб ё бо роҳи маъмурӣ аз кишвари Россия ихрољ гардидаанд тавсия дода шуд, ки руҳафтода нашуда барои дарёфти кор ба сохтори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо муроҷиат намоянд.
Қайд гардид, ки айни замон дар дохили кишвар барои дарёфти кори мувофиқ ва музди меҳнати баланд бо шароитҳои хуб имконияти фароҳам буда, ширкатҳои сохтмонӣ, саноатӣ, роҳсозӣ, корхонаҳои бузурги ватанӣ аз қабили НБО «Роғун», ҶСП «Ҷунтай-Данғара», «Син силу текстил» ва дигар сохтмонҳои биносозӣ ба коргар ва мутахассисони соҳибмалакаи ватанӣ эҳтиёҷ доранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба дигар саволҳои иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои гуногун ҷавобҳои муфид дода шуда, маводҳои иттилоотӣ ва брошюраҳои роҳнамоӣ ҳангоми сафар тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират