Риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар хизматрасониҳои фаъолияти меҳнатии мувақатӣ дар Федератсияи Россия, омодагӣ ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, аз байн бурдани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ин буд он саволҳое, ки кормандони масъули МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар “Маркази сершуғли муҳоҷират” дар шаҳри Душанбе бо шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ, ки барои супоридани имтиҳони забони русӣ ва гирифтани Сертификат омадаанд, вохӯриву суҳбатҳо доир намуда, варақаи иттилоотӣ ”Қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия” супорида шуд.
Дар рафти вохӯрӣ ба шаҳрвандон оид ба мушкилиҳое, ки имрӯз дар раванди муҳоҷират муҳоҷирони меҳнатӣ дучор мешаванд ва чи тавр аз ин омилҳо эмин нигоҳ доштани худ суханронӣ намуда, оиди қонунҳои амлкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ба ҳозирин маълумот доданд.
Аз ҷумла, дар варақаи иттилоотӣ омадааст, аз 1 январи соли 2025 Фармони Президенти Федератсияи Россия №1126 аз 30 декабри соли 2024 “Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба танзими мақоми ҳуқуқии категорияи алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ” ба қувваи қонунӣ даромад.
Тибқи ин фармон, шаҳрвандони мо, ки ғайрирасмӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, бояд ё қаламрави ФР-ро тарк намоянд ва ё мақоми ҳуқуқии худро қонунӣ гардонанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ бори дигар шаҳрванднро таъкид намуданд, ки он нафароне барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия сафар доранд ё айни замон дар ФР ғайрирасмӣ қарор доранд, мақоми ҳуқуқии худро қонунӣ гардонанд. Инчунин, мазмуни ин қонунро ба хешу ақрабо ва ёру рафиқи худ расонанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират