Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мувофиқи ҷадвали баргузории корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ, дар якҷоягӣ бо намояндаи ШКДАМ дар ноҳия, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши дин, ҷашну маросим ва КИ ХХДТ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриву суҳбатҳо бо сокинон баргузор намуда истодаанд.
Чунин вохӯрӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав деҳаи Гулафшон оид ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, ”Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, пешгирии шомилшавии ҷавонону занон ва хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб баргузор гардид.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зимни суханронӣ қайд намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ, мураккаб гардидани авзои сиёсии минтақа, пос доштани арзишҳои миллию маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ — сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии ҷумҳурӣ, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан амри зарурӣ мебошад.
Яке аз падидаҳои асосие, ки имрӯз сабаби шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мегардад, ин шабакаҳои интернетии гурӯҳҳои ифротгароӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ мебошад.
Ташкилоти террористиву экстремистӣ бо суиистифода аз эҳсоси динии ҷавонони ноогоҳ дар ҷараёни таълимоти худ онҳоро нисбат ба гузаштагони худ дар руҳияи бадбинӣ ба арзишҳо, суннатҳо ва урфу одати миллии мо тарбият намуда, ин арзишҳоро барои як мусалмон нолозим ва ғайри қобили қабул муаррифӣ менамоянд.
Аз руи масъалаҳои болозикршуда иштирокдорон фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
Бояд зикр кард, ки рӯзҳои наздик дар дигар ҷамоату деҳоти ноҳия чунин корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ мунтазам баргузор хоҳад шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд