Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мувофиқи ҷадвали баргузории корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриву суҳбатҳо бо сокинон, гузаронида истодааст.
Чунин, як вохӯрии судманд дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳия маҳаллаи Самиев баргузор гардид, ки дар он оид ба ”Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ироа гардид.
Дар рафти вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия қайд намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ, мураккаб гардидани авзои сиёсии минтақа, пос доштани арзишҳои миллию маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ — сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии ҷумҳурӣ, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан амри зарурӣ мебошад.
Яке аз падидаҳои асосие, ки имрӯз сабаби шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ мегардад, ин шабакаҳои интернетии гурӯҳҳои ифротгароӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ мебошад.
Ташкилоти экстремистиву террористӣ бо суйистифода аз эҳсоси динии ҷавонони ноогоҳ дар ҷараёни таълимоти худ онҳоро нисбат ба гузаштагони худ дар руҳияи бадбинӣ ба арзишҳо, суннатҳо ва урфу одати миллии мо тарбия намуда, ин арзишҳоро барои як мусалмон нолозим ва ғайри қобили қабул муаррифӣ менамоянд.
Аз рӯи масъалаҳои болозикршуда иштирокдорон фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд