Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳия вохӯрии судманд бо сокинону фаъолони ноҳия ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо иштироки намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рано Муҳибуллоева, ҳуқуқшиносӣ ин созмон Мавҷуда Азизова, мушовир оид ба корҳои мавсимӣ дар Британия Кабир Фараҳноз Ҷалилова баргузор гардид.
Зимни суҳбат аз тарафи намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рано Муҳибуллоева, оиди қаллобӣ, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн шудааст ва баъзе нафарон низ фирефтаи онҳо гардидаанд, ки барои бо кор таъмин шудан дар хориҷа, хусусан дар давлатҳои Аврупо ваъдаҳои бардурӯғ дода маблағҳои пулии одамонро аз худ мекунанд, огоҳонида шуданд.
Ҳамзамон, ба сокинон барои муҳоҷирати бехатар ба давлатҳои хориҷа, якчанд дастуру супоришҳо аз тарафи ҳуқуқшиносӣ СБМ Мавҷуда Азизова оиди барасмиятдарории хуҷҷатҳо ва барои гирифтани иҷозатномаи кор дар хориҷа дода шуд.
Намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Одилов К., оиди дар ҷаҳони муосир таъсиррасонии равандҳо ва зуҳуроти гурӯҳҳои ифротие, ки на балки дар як қатор кишварҳои минтақа ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунад, сухан ронда, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротии террористӣ экстремистӣ ва аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраве, ки шаҳрвандонро, хусусан муҳоҷирони меҳнатиро фирефтаи худ мекунанд ва боз он муаммоҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дучор мегарданд огоҳонида шуданд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират
